
Ризои Баҳромзод 20 декабри соли 1991 дар деҳаи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 2009 ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2014 бо дипломи аъло хатм намуд. Ҳанӯз дар солҳои донишҷӯӣ қобилияти баланди илмӣ ва зеҳнии худро нишон дода, солҳои 2011–2013 се маротиба пайиҳам дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён аз фанни фалсафа ҷойи аввалро соҳиб гардид. Соли 2013 бошад, бо Шоҳҷоиза сарфароз шуд, ки чунин дастовард дар таърихи олимпиадаҳои ҷумҳуриявии донишҷӯён бори аввал ба қайд гирифта шудааст.
Фаъолияти меҳнатии ӯ аз Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз гардида, баъдан дар вазифаҳои гуногуни илмӣ фаъолият намудааст. Аз ҷумла, ҳамчун ходими илмӣ ва баъдан ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хизмат кардааст. Ҳамзамон солҳои 2019–2024 дар Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ҳамчун муҳаррири пешбари илмӣ фаъолият бурдааст. Дар баробари корҳои илмӣ, ӯ дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе аз фанни физика дарс гуфтааст.
Ризои Баҳромзод таҳсилоти баъдидипломии худро дар Донишгоҳи давлатии Москва идома дода, солҳои 2014–2018 аспирантураро хатм намудааст. Соли 2023 рисолаи номзадии худро дар соҳаи физика ва математика бомуваффақият ҳимоя карда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои физика ва математика гардид.
Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии ӯ омӯзиши нурҳои кайҳонии баландэнергия, гамма-ахтаршиносӣ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таърихи илмро дар бар мегиранд. Натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ дар маҷаллаҳои илмии тақризшаванда нашр гардида, дар конфронсу семинарҳои байналмилалӣ муаррифӣ шудаанд.
Хизматҳои илмӣ ва ҷамъиятии Ризои Баҳромзод бо як қатор ҷоизаҳо қадрдонӣ шудаанд. Соли 2020 ӯ барандаи Ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои олимони ҷавон гардид. Соли 2021 бошад, ғолиби озмуни байналмилалии «Next30 – Раҳбарони ҷавони Осиёи Марказӣ» ва ҳамзамон ба рӯйхати 30 ҷавони муваффақи Тоҷикистон шомил шуд.
Фаъолияти Ризои Баҳромзод намунаи равшани талошҳои пайваста дар роҳи рушди илм, тарбияи насли нав ва баланд бардоштани саводнокии илмии ҷомеа мебошад. Ӯ аз ҷумлаи олимони ҷавонест, ки бо дониш, заҳмат ва ҷаҳонбинии илмии худ дар пешрафти илми тоҷик саҳми арзанда мегузорад.