Директор
ИСМОИЛЗОДА Зинатуллоҳ Бурҳон 18-уми майи 1972 дар ноҳияи Ҷайҳун таваллуд шудааст.
Солҳои 1993-1998 Муҳаррири варзида, мудири шуъбаи саноати идораи барномаҳои иқтисоди Радиои Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1998-2001 Сармуҳаррири идораи барномаҳои иқтисодии шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2001-2004 Муовини директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2004-2006 Ёвари Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2006-2015 Муассис ва директори телевизиони «Симои мустақили Тоҷикистон», шаҳри Душанбе
Ҳамзамон
Солҳои 2010-2011 Раиси Шурои васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2011-2015 Раиси Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2015-2021 Директори Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон», шаҳри Душанбе
Аз 05.03.21 то ҳол Директори Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат», шаҳри Душанбе
Ҳамзамон
Аз 16.11.2016 то ҳол Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, шаҳри Душанбе