Телевизиони «Илм ва табиат» дар тӯли 4 соли фаъолияти худ бо пахши барномаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, мусоҳибаҳо бо олимони варзида ва рӯнамоии дастовардҳои илмии кишвар ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва огоҳии ҷомеа, хоса ҷавонон, нақши арзанда дорад. Дар ин муддати кӯтоҳ, ин шабака тавонист дар фазои иттилоотии кишвар мавқеи сазовор пайдо намояд ва ба як минбари муҳими тарғибу ташвиқи арзишҳои илмӣ, маърифатӣ ва фарҳангии ҷомеа мубаддал гардад.
Мо, ҳайати филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, аз ҳамкории самарабахши худ бо телевизиони «Илм ва табиат» изҳори қаноатмандӣ менамоем. Барномаҳои муштараке, ки дар доираи ин ҳамкорӣ таҳия ва пахш шудаанд, барои муаррифии корҳои илмии устодон ва донишҷӯёни мо, дастовардҳои таълимӣ ва саҳми донишгоҳ дар рушди илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат кардаанд.
Бовар дорем, ки ҳамкории мо дар оянда низ идома хоҳад ёфт ва бо ташаббусҳои наву созанда рушд хоҳад кард. Таманно дорем, ки телевизиони «Илм ва табиат» ҳамеша манбаи боэътимоди иттилооти илмӣ боқӣ монад ва саҳми хешро дар рушди ҷомеаи донишбунёд боз ҳам бештар намояд.
Бо арзи эҳтиром ва таманниёти нек, ҳайати филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе