Ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ «Тақвияти омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва устуворӣ дар Тоҷикистон (PREPARED)» таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд.
Таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ дар марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа барои мустаҳкамкунии пойгоҳи моддию техникии институт, ташкил намудани мушоҳидаҳои ларзиши замин, биноҳо ва иншоот ҳангоми заминларзаҳои сахт ба нақша гирифта шудааст.
Насби таҷҳизот барои васл намудан дар бинои баландошёнаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, 4 бинои иҷтимоӣ дар ҳар ноҳияи шаҳри Душанбе ва дар 4 иншооти нақлиётӣ (пул ва эстакадаҳо) ва дар баъзе пойгоҳҳои сейсмикии институт, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷойгир шудаанд, пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон барои муайян кардани хусусияти динамикии ҳар гуна бино ва иншооти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ насби таҷҳизоти сейсмикии сайёр пешбинӣ шудааст.
Инчунин барои дар сатҳи баланд ва самаранок иҷро намудани корҳои мушоҳидавӣ ва санҷишӣ Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология аз тарафи лоиҳа бо ду мошини сабукрав ва боркаш таъмин гардид.
АМИТ «Ховар»