Ҳамкории минбаъдаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осёии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои оянда дар соҳаи идоракунии хатари офатҳои табиӣ 14 август дар вохӯрии ҳарду ҷониб баррасӣ гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаи минтақаҳои осебпазири мамлакат, татбиқи лоиҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва наҷотдиҳӣ баррасӣ гардид.
Инчунин Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода дар бораи фаъолияти Кумита, воҳидҳои сохтории он ва ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, дастгирии ҳукумати мамлакат ба аҳолӣ ва расонидани ёрии саривақтӣ маълумот дод.
«Мо танҳо тавассути ҳамкории зич метавонем ба татбиқи муассири лоиҳа ба нафъи мардуми тоҷик ноил гардем»,-иброз дошт зимни вохӯрӣ муовини директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд хонум Сяохун Ян.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкории минбаъда табодули назар ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
АМИТ «Ховар»