Ташаббуси навбатии Пешвои миллат — азизи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2024 садо дод ва ба истиқболаш ҳазорон даст кафкубӣ карданд. Нахустин шуда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз худашон дар ин роҳ қадам бардоштанд. Руйдоди таърихии беназири Осиёи марказӣ дар самти таҳкими сулҳ бо ташаббуси ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рузи 13-марти соли 2025 ба вуқуъ пайваст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари ҳамсояамон сафар кард ва як зумра корҳои мондагори таърихӣ пиёда карда шуданд. Аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд. Бо амри сарони ду давлат рафту омади нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ барқарор гардид. Рафтуомад бо шодиву сурури ҳамсояҳо ҳам дар хатти сарҳад ва ҳам фурудгоҳҳо хеле фараҳафзо муҷалло гардид. Ба ин муносибат ва ин рисолати таърихӣ ба сиёсатмадори сулҳовари байналмилалӣ Пешвои миллат аз номи дабири кулли СММ, роҳбарияти САҲА, созмонаи ҳамкории Шанхай, созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва даҳҳо созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, сарони кишварҳо номаҳои шодбошӣ ирсол карданд. Ин ҳама бозгуйи сиёсати сулҳҷуёна ва дипломатияи гуманистии Тоҷикистон ва сарвари давлати тоҷикон арзёбӣ мегардад. Дар росто Сарвари кишвари Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврузро дар кишвар бо иштироки президентҳои кишварҳои ҳамсоя ва ҳузури халқҳои кишварҳои Узбекистон ва Қирғизистон баргузор намуданд. Дар тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ як олам шодиву сурури ҳамсоягии нек, фараҳи наврузӣ, тарғиби арзишҳои нигон бо ҳусни эҳтиром ва инсондустӣ нисори ҳамдигар карда шуд ва ибтикороти созанда миёни кишварҳои ҳамсоя тарҳрезӣ гардид. Ба гунаи дигар мо тоҷикистониён дар амалӣ кардани пешниҳоди “10-солаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” намунаи ибрати оламиён гардидем. Ба таъкиди Фирдавсии Тусӣ:Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем, Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.Бувад ҳаме неку бад пойдор,Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.Ҳамин гуна ватансозиву давлатдорӣ ва сулҳофариву хирадсолории миллати шарафманти тоҷик ибтидо гирифтааст ва мудовамат дорад. Як панҷсола қабл бо шукуҳу шаҳомат ва иродаи созандаи Пешвои миллат робитаҳои ҳасана ва ҳамсоягии наку бо кишвари Узбекистон эҳё гардид ва ба сатҳи шарикии стратегӣ расид. Ҳусни ҳамҷаворӣ ва нисондустиву гумастии ниноми далатдории мо-тоҷикон дар доираи сиёсати дарҳои кушода ва дар айни замон бо ҳифзи манофеъи миллӣ хеле созанда бароҳ монда шудааст. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» назир надорад. То ба имруз мисли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърих ягон сарвари давлат ин гуна амали инсонсозу миллатсозро анҷом надодааст. Агар ба ташаббусҳои Пешвои тоҷикони олам дар мисоли кишвари Тоҷикистон назар андӯзем, мустақим шоҳиди он мешавем, ҳама ибтикороти кишвари мо таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳои барои саодати аҳли башар ва инсоният дар руйи замин аст. Ин нукта низ рушан аст, ки ташаббуси навбатии Пешвои миллати мо аз тарафи тамоми сарони давлатҳои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ меёбад, зеро сулҳ неъматест, ки тамоми миллатҳову давлатҳо ба он ниёз доранд. Бахусус дар айни ҳол, ки геополитикаи сиёсии доираҳои пасипардагии алоҳида, созмонҳои терористиву экстремистӣ, бархурди гуногунҷандаи равандҳои муракаб ва печ дар печи сиёсиву ҳарбии кишварҳои алоҳида ва дахолати пасипардагии иддае аз кишвар ва созмонҳо ба амният ва осоиштагии ҳамаҷонибаи олам халал ворид кардааст. Раванди доду гирифти тиҷоратӣ, рафтуомади муҳоҷирини корӣ, муносиботи иҷтимоию фарҳангӣ ва амсоли ин бинобар сабабҳои зикрёфта ба дасти маҳдудият ва катъшавии ҳаргуна муомилоту муносибот супурда шудаистодааст. Ин дар ҳолест, ки гармшавии босуръати иқлим, дар баъзе минтақаҳои олам обхезӣ, дар қисми дигар хушксолӣ, дар як тарафи дигар бошад буҳронҳои сиёсӣ ва ба нестӣ рафтани захираҳои табиии зиндагии башариятро ба мушкилоти зист рӯ ба рӯ карда, норасоии оби ошомиданӣ, хуруҷи бемориҳои сироятӣ ва табобатнашаванда ногуфтанӣ аст. Ба ҳамин далелҳои тазаккурёфта метавон қазоват кард, ки бо ҳама мураккабиҳо ва сахтиҳои рӯ ба рӯ шуда танҳо бо ҳастии сулҳ, дустӣ, якдилию якмаромӣ, ҳамдилӣ, шафқату муруват, ваҳдатгароӣ ва инсондӯстӣ мубориза кард. Ҷавҳари асосии «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» низ барои ҳамин аст. Тамоми кишварҳо канори ҳам омада, дар якдилию якмароӣ барои саодати фардои насли ҷаҳон фаъолияти мондагор дошта бошанд. Ба қавли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Дар рузҳои сахт дасти якдигарро гирем…”. Ҳастии олам дар тамаддуни инсонӣ аст ва миллати шарафманди тоҷик дар дарозои қарнҳо дар садади пешниҳоди тамаддуни нави инсондустиву гуманистӣ қарор дорад. Мояи ифтихору сарфарозӣ аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуданд, ки бо мақсади таъмини сулҳи пойдор дар руйи олам ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо, пайомади даҳшатбори он, пешгирӣ аз ҳаводиси номатлуби сиёсӣ «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад». Ҳифзи инсоният ва тамаддуни инсонӣ, ҳаёти босаодат дар олам, зиндагии шоистаи одамият ва густариши робитаҳои ҳасана байни кишварҳо танҳо дар масири сулҳ қарор доранд. Пайроҳаи сулҳ дар хирвори хеш ҳама арзишҳои неки инсониву дунявӣ ва инсониро дорад. Ба ҷаҳон омадану рафтани мо нест ҳунар, Ҳунар он аст, ки боғе шавию ори самар. Дунё мисоли як гулбоғест, ки рангорангии он аз миллатҳо, адён, расму оинҳо, анъанаҳои накуи инсонӣ, шеъру суруду оҳангҳо, лафзу забонҳо, осори гаронмояи мутафаккирону шуаро, нависандагону олимон, муҳаббатту муруват ва инсонгароӣ дар ҳастии сулҳ муҷалло намуда саодатбахш мегардад. Ба қавли Мавлонои Балх:Биёед, дар ин хок, Дар ин мазрааи пок,Ба ҷуз ишқ, ба ҷуз меҳр,Дигар дона накорем. Ҷойи дигар таъкид мекунад, ки “Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст”…
ВАЛИЗОДА Муҳаммад — Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор