9 апрел бо ташаббуси Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров ва Институти биологии Помир ба номи академик Худоёр Юсуфбеков бахшида ба Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик конференсияи муштараки илмӣ-амалӣ баргузор шуд.
Дар конференсия нақши илму дониш дар таҳкими заминаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ таъкид гардида, зарурати рушду тавсеаи равандҳои илмӣ баён карда шуд.
Мавзуъҳо доир ба тағйирёбии глобалии иқлим ва таъсири он ба фауна ва экологияи Тоҷикистон, эҳёи манбаъҳои обӣ ва экосистемаҳои кӯҳӣ, нақши муҳими маконҳои табиӣ дар таъмини устувории экологӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми конференсия ба як гурӯҳ муҳаққиқон ва кормандони фаъоли ҳар ду муассиса ифтихорномаҳо супорида шуданд.
Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии чорабинӣ — таҳкими робитаҳои байниинститутӣ, боло бурдани сатҳи ҳамкории байнисоҳавӣ ва пайгирии таҳқиқоти илмии дар заминаи рушди устувор мебошад.
АМИТ «Ховар»