Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бахшида ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино дар мавзӯи «Саҳми Ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб: осори илмӣ, таҷриба ва назария» ҳамоиш баргузор менамояд.
Дар чорабинии мазкур олимон ва муҳаққиқон, коршиносон, алоқамандони осори илмию адабии Ибни Сино, ординаторон, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ, кормандони соҳаи тиб ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок менамоянд.
Дар рафти ҳамоиш ҷанбаи илмӣ — назариявӣ, таҷрибаи амалии мутафаккири барҷаста дар илми тиб, андешаҳои фалсафавӣ ва педагогӣ, дидгоҳи гуманистии мутафаккирро мавриди омӯзиш қарор дода, коршиносон ва муҳаққиқон дар робита ба ин мулоҳизаронӣ менамоянд.
Барои иштирок дар чорабинии мазкур, хоҳишмандон метавонанд тавассути линки (https://forms.gle/7PEZ3zh7JJvFkcNV9) то санаи 15 августи соли равон, соати 18:00 ба вақти Москва худро номнавис намоянд.
АМИТ «Ховар» АКС: Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия