Таҳти ҳамраисии намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва Аргентина дар СММ нишасти нахустини Гурӯҳи «Дӯстони пиряхҳо» дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ташкил гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гурӯҳ бо ибтикори Тоҷикистон ва Аргентина бо мақсади татбиқи ваколатҳои қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеа ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст, таъсис дода шудааст.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ зимни ин чорабинӣ аҳаммияти мавзуи ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси ин гурӯҳро таъкид намуда, татбиқи саривақтии қатъномаи гуфташударо барои ҳалли мушкилиҳои марбут ба обшавии пиряхҳо ва баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо (соли 2025 дар Тоҷикистон) муҳим арзёбӣ намуд.