Раёсати ВКД дар ш.Душанбе ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки вақтҳои охир ҳолатҳои афзоиши қалобӣ бо истифода аз кортҳои бонкӣ мушоҳида мешаванд. Қаллобон пешниҳод мекунанд, ки шумо кортҳои худро барои истифодаи муваққатӣ ба онҳо супоред ва дар иваз пардохти моҳона аз 300 то 500 сомонӣ ваъда мекунанд. Аммо, дар асл, кортҳои шумо метавонанд барои амалҳои ғайриқонунӣ истифода шаванд, ба монанди:
шустушӯи маблағҳо;
интиқолҳои ғайриқонунӣ;
иштирок дар схемаи қаллобӣ.
Ба назар гиред:
Тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, додани корт ё маълумотҳои он ба шахсони сеюм қатъиян манъ аст. Шумо барои ҳама амалиётҳое, ки бо истифода аз корти бонкиятон анҷом мешаванд, ҷавобгар ҳастед.
Ҳамчунин фиребгарон бо баҳонаи пешниҳоди кор метавонанд нусхаи шиноснома, рақами корт ва дигар маълумоти шахсии шуморо талаб кунанд, ки баъдан барои фиреб истифода мешаванд.
Хатарҳое, ки шуморо интизоранд:
1. Масъулияти ҳуқуқӣ. Агар корти шумо барои амалҳои ғайриқонунӣ истифода шавад, шумо ҳамчун шарик дар ҷиноят ҳисобида мешавед.
2. Зарари молиявӣ. Қаллобон метавонанд шуморо аз маблағҳое, ки кортатон мавҷуданд, маҳрум созанд.
3. Мушкилот бо бонк. Амалиётҳои шубҳанок боиси басташавии ҳисоби шумо мешаванд.
Чӣ гуна бояд худро муҳофизат кунед?
-Ҳеҷ гоҳ корти бонкии худро ё маълумотҳои онро ба шахсони сеюм надиҳед.
-Пеш аз фиристодани маълумоти шахсӣ, ҳақиқати корфарморо санҷед.
-Агар пешниҳоде дар бораи «иҷораи корт» шавад, фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳед.
-Амалиётҳоро дар ҳисоби бонкиатон мунтазам санҷед.
Дар ҳолати шубҳа:
Ба шӯъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кунед ё ба рақами боварии милитсия занг занед. Маълумоти шахсии худро ҳифз кунед ва қурбонии қалобон нашаавед!
Раёсати ВКД дар ш.Душанбе