Дастаи панҷнафараи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арманистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Перу, Туркманистон ва Узбекистон ҷиҳати иштирок ва омодагӣ ба Олимпиадаи ҷаҳонии «ISPHO» аз фанни физика, ба Донишкадаи физика ва техналогия шаҳри Москва сафарбар гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми мамлакат.
Бояд гуфт, ки олимпиадаи мазкур 3-11 июли соли равон дар вилояти Мухтори Ханти-Мансийски Донишкадаи физика ва технологияи Москва (МФТИ) баргузор гардида буд. Ин навбат 21-30 июли соли равон дар вилояти Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад. Дарсҳои лагери омӯзишӣ 12 июл оғоз ёфта, то 19 июл идома меёбанд.
Ҳадаф аз баргузории машғулиятҳо дар он аст, ки хонандагони мо дар ҷараёни омӯзиши имтиҳони таҷрибавии худ бештар ба қисматҳои амалӣ машғул мешаванд.
Хонандагон дар рафти омодагӣ аз таҷрибаи беназири олимони Русия барои омодагӣ ба Олимпиадаи ҷаҳонии IPhO аз фанни физика дарс мегиранд. Дастаи мунтахаби Русия пайваста бо медалҳои тилло дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии IPhO мукофотонида мешаванд, аз ин рӯ омодагӣ барои дастаи мунтахаби мамлакати мо низ ҷолиб хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз панҷ нафар дар қатори 23 мамлакати дунё дар Олимпиадаи байналмилалии «ISPHO», ки аз 3 то 11 июл дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Русия аз фанни физика баргузор шуд, иштирок намуда, сазовори 2 ҷойи сеюм гардиданд.
Олимпиадаи байналмилалии «ISPHO» олимпиадаи сатҳи баланд буда, ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Округи Мухтори Ханти-Мансийски-Югра ва Донишкадаи физика ва технологияи Москва баргузор карда мешавад.
АМИТ «Ховар» АКС: Вазораи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон