МУФАССАЛ  http://www.president.tj/node/31728

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95 ба номи Исматулло Ҳикматуллоевро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нави таълимӣ аз се ошёна иборат буда, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Рустам Ҳикматуллоев аз рӯи лоиҳаи муосир бунёд ёфтааст ва барои 960 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Таълимгоҳ аз 18 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, география, омодагии дифои ҳарбӣ, таълими меҳнат дар алоҳидагӣ барои писарону духтарон, синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо 16 компютер, озмоишгоҳҳо, китобхона, толору майдончаи варзишӣ, 5 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.