МУФАССАЛ: http://www.president.tj/node/31747
26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарҷамъ”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхона дар майдони 0,32 гектар замин аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Маҳмадюсуф Ятимов бунёд шуда, баъди ифтитоҳ 70 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити корӣ ва раванди истеҳсолот дар корхона, ба сифати маҳсулоти истеҳсолгардида баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани корхонаи пойафзолбарориро дар ноҳияи Рӯдакӣ заминаи хуби татбиқи панҷсолаи рушди соҳаи саноат арзёбӣ карданд.
Дар корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарҷамъ”, дар як рӯз 500 ҷуфт пойафзол истеҳсол карда мешавад.