Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали имсол дар робита ба бақайдгирии миллии тамғаҳои молӣ 447 тамғаи молиро сабт намуд, ки ин шумора нисбат ба давраи ҳисоботӣ 139 адад бештар мебошад.
Аз 447 аризае, ки ворид шудааст, 240 ариза ба аризадиҳандагони миллӣ ва 207 ариза ба аризадиҳандагони хориҷӣ рост меояд.
Дар шашмоҳаи аввали имсол ба муассиса 56 ариза барои гирифтани нахустпатент ба ихтироъ ворид гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 22 адад зиёд аст. Аз шумораи умумии аризаҳо 26 адад ба шахсони ҳуқуқии миллӣ ва 30 адад ба шахсони воқеии миллӣ тааллуқ дорад.
Аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ба аризадиҳандагон 556 ҳуҷҷати объектҳои моликияти саноатӣ дода шудааст, ки аз шумораи умумии ин ҳуҷҷатҳо 48 ададро нахустпатент ба ихтироъ, 236 ададро шаҳодатномаи муаллифӣ ба нахустпатент, 261 ададро шаҳодатнома ба тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ ва 11 ададро шаҳодатнома ба тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ вобаста ба гузашт намудани ҳуқуқ ташкил медиҳад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки 20-22 июни имсол бо ташаббус, мусоидат ва ҳамоҳангсозии Маркази миллии патенту иттилоот 6 зани ихтироъкори мамлакат тариқи маҷозию ҳузурӣ дар Намоишгоҳи 17-уми байналмилалии ихтирооти занҳои ихтироъкор дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея иштирок карданд. Дар натиҷа ихтирооти онҳо сазовори 3 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ дониста шуд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»