23 октябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи Форуми 5 олимони ИДМ, ҷаласаи аввали Шурои олимони ҷавон дар назди Шуро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид.Дар кори ҷаласа Раисони Шурои олмони ҷавон аз кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Россия, Тоҷикистон ва ҳамзамон намояндагон аз Комитети иҷроияи ИДМ ширкат варзиданд.Дар идомаи ҷамъомади мазкур масоили вобаста ба таҳким ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ байни олимони ҷавони ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки ҳамасола чунин ҷаласаҳои муштарак дар кишварҳои узви ИДМ баргузор карда мешавад.Инчунин, дар доираи Шурои олимони ҷавони ИДМ мудири шӯъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номзади илмҳои филологӣ Зиёев Субҳиддин Насриевич муовини Шурои олимони ҷавони ИДМ интихоб гардид.Дар фароварди ҷаласа олимони ҷавон аз кишварҳои болозикр фикру андешаҳояшонро оид ба корбурди минбаъда дар доираи нақша-чорабиниҳои муштарак баён намуда, ҳамкориҳои судмандро ҷиҳати роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ- таҳқиқотӣ таъкид намуданд.

https://www.facebook.com/groups/3619156541685696