Моҳи август ҳаво дар мамлакат аз меъёри иқлимӣ аз 1+2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 31 дараҷа ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 23 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар охири моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, ҳавои моҳи августи имсола ба моҳи августи соли 2023 монанд мебошад. Давоми моҳ дар минтақаҳои алоҳида, дар баъзе ҳолатҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония дар назар дошта шудааст.
Моҳи август дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ то 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона то 26 ва рӯзона то 42 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон моҳи август ҳавои тағйирёбанда дар назад буда, дар водиҳо шабона аз 19 то 31 дараҷа гарм ва рӯзона аз 32 то 42 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Дар охири моҳ пастшавии ҳарорат дар назар буда, ҳаво 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона то 35 ва дар охири моҳ пастшавии ҳарорат пешгӯӣ шуда, гармии ҳаво 20+25 дараҷаро ташкил медиҳад. Боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст ва дар охири моҳ эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ вуҷуд дорад.
Дар ин давра дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо ҳаво 26+27 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 17+19 дараҷа гарм мешавад. Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар охири моҳ пастшавии он дар назар аст.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, ҳаво то 22+24 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, рӯзона то 32 ва дар охири моҳ пастшавии ҳарорат то 26 дараҷа, шабона аз 14+19 то 6+11 дараҷа дар назар аст.
Моҳи август дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво то 10+13 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона аз 7 то 11 ва рӯзона аз 12 то 23 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
АМИТ «Ховар» АКС: Dushanbe Travel