Дар МД Телевизиони “Варзиш” вохӯрии кории муовинони техникии шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон бо намояндаи ширкати байналмилалии United Broadcast & Media Solutions (UBMS) баргузор шуд.
Зимни мулоқот, ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳоро, аз ҷумла имкониятҳои ҳамкории дуҷониба бо ширкати UBMS дар самти хариди таҷҳизоти пешрафтаи телевизионӣ, интегратсияи комплексии системаҳои идоракунии равандҳои телевизионӣ, инчунин тақвияти иқтидорҳои техникӣ ва технологӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Тавре дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид гардид, имкониятҳои ҳамкории муфид ва судманд бо ширкати UBMS вуҷуд дошта, ҷалби таҷрибаи байналмилалӣ ва технологияҳои навин метавонад ба рушди сифати пахши телевизионӣ ва самаранокии идоракунии он дар кишвар мусоидат намояд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, як қадами муҳим дар самти таҳкими робитаҳои корӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак арзёбӣ мешавад.


