23 декабр дар қароргоҳи Ташкилоти патентии Авруосиёӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи 46-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ баргузор гардид, ки дар кори он директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода иштирок намуд.

Дар ҷаласа тибқи рӯзнома масъалаҳои ташкилот, аз ҷумла ворид намудани тағйирот ба дастурамали патентӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёӣ ва қоидаҳои кори Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ муҳокима шуданд.

Зимни ҷаласа инчунин тавсияҳо дар бораи таъйин намудани ноиби Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ ва дигар масъалаҳои марбута баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар»