Бахшида ба Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон, ки ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи август таҷлил мешавад, имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд.
Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо Мирзо Исмоилзода ҳайати кормандон ва 6 ихтироъкори ҷавонро, ки дар илми муосири тоҷик навоварӣ ворид намудаанд, бо иди касбӣ табрик намуда, баён дошт, ки моликияти зеҳнӣ яке аз сарватҳои пурарзиштарини мамлакат ва пояи муҳимтарини иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Ҳукумати мамлакат зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он диққати махсус медиҳад.
Таъкид гардид, ки бо шарофати имконияти фароҳамовардаи Истиқлолияти давлатӣ ва андешидани тадбирҳои судманд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон майлу рағбати ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва ихтироъкорию навоварӣ сол аз сол зиёд мегардад. Зеро бо назардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд, яъне давраи саноатикунонии босуръати мамлакат талабот ва таваҷҷуҳ ба соҳаҳои илм, маориф, инноватсия, ихтироъкорӣ, махсусан татбиқи ихтироот дар истеҳсолот рӯз ба рӯз афзоиш меёбад.
«Имрӯзҳо Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ихтироъкорон ва беҳтар намудани сифати экспертизаи ихтироот бо ҷалби коршиносони мустақил аз тамоми воситаҳои имконпазир истифода мебарад. Бахусус мунтазам озмуни ихтироъкори беҳтарин барои давраҳои муайян гузаронида шуда, дар доираи он ҳамасола шумораи зиёди ихтироъкорон барои дастовардҳои назаррас бо медали ташкилоти минтақавию байналмилалӣ, нишонҳои муассиса ва мукофотҳо қадрдонӣ карда мешаванд»,-афзуд Мирзо Исмоилзода.
Иштироки ҷавонони навовар ва ихтироъкор дар озмунҳои байналмилалӣ ба баланд бардоштани шавқу рағбати онҳо ба фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ мусоидат менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми имсол дар робита ба сабти миллии тамғаҳои молӣ 447 тамғаи молиро сабт намуд, ки ин шумора нисбат ба давраи ҳисоботӣ 139 адад бештар мебошад. Аз 447 аризаи воридшуда 240 ариза ба аризадиҳандагони миллӣ ва 207 ариза ба аризадиҳандагони хориҷӣ рост меояд.
Дар шашмоҳаи якуми имсол ба муассиса 56 ариза барои гирифтани нахустпатент ба ихтироъ ворид гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 22 адад зиёд аст. Аз шумораи умумии аризаҳо 26 адад ба шахсони ҳуқуқии миллӣ ва 30 адад ба шахсони воқеии миллӣ тааллуқ дорад.
Ҳамзамон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ба аризадиҳандагон 556 ҳуҷҷати объектҳои моликияти саноатӣ дода шуд, ки аз шумораи умумии ин ҳуҷҷатҳо 48 ададро нахустпатент ба ихтироъ, 236 ададро шаҳодатномаи муаллифӣ ба нахустпатент, 261 ададро шаҳодатнома ба тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ ва 11 ададро шаҳодатнома ба тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ вобаста ба гузашт намудани ҳуқуқ ташкил медиҳад.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки 20-22 июни имсол бо ташаббус, мусоидат ва ҳамоҳангсозии Маркази миллии патенту иттилоот 6 зани ихтироъкори мамлакат ба тариқи маҷозию ҳузурӣ дар Намоишгоҳи 17-уми байналмилалии ихтирооти занҳои ихтироъкор дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея иштирок карданд. Дар натиҷа ихтирооти онҳо сазовори 3 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ дониста шуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба ихтироъкорон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
АМИТ «Ховар»