Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Қасри Таврии шаҳри Санкт-Петербург дар кори ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласа раисони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд. Дар доираи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи пленарӣ ячанд лоиҳаҳои қонунҳои намунавии Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла дар бораи баҳодиҳии кадастрии давлатӣ, технологияҳои зеҳни сунъӣ, ворид намудани тағйирот ба ҷанбаи рақамикунонии Кодекси намунавии таълим дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар санадҳо баррасӣ гардиданд.
Вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнипарламентӣ муҳокимаронӣ доир шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АМИТ «Ховар»