Баҳри амалисозии ҳадафҳои миллӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ва Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар шаҳри Душанбе сохтмони 71 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси беш аз 5 ҳазор ҷойи нави кор пешбинӣ гардидааст, ки аз ин шумора ба ҳолати 1 декабри соли 2023 42 корхона бо таъсиси беш аз 3,8 ҳазор ҷойи нави кор ба истифода дода шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки соли 2023 дар шаҳри Душанбе 181 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ бо таъсиси 7447 ҷойи нави кор ба фаъолият оғоз намуд.
«Аз ҷумла, бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ якчанд корхонаҳо, марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли қолинҳои Душанбе, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти нассоҷии «Арвис», қаннодии «Амирӣ», равғанбарории «Файзу Баракат», таҷҳизоти барқии «Имод», маҳсулоти макаронии «Лазоли» ва маҳсулоти сохтмонии «Сементи Тоҷик» бо таъсиси 4585 ҷойи нави кор ба истифода дода шуданд», — афзуд муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе.
Гуфта шуд, ки соли 2023 аз ҷониби 751 корхонаи саноатӣ, новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Душанбе ба 4,2 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 729 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 121 фоизро ташкил медиҳад.
АМИТ «Ховар»