«ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ВАБОИ АСР БА АМНИЯТИ ҶАҲОН ВА ҲАР ЯК СОКИНИ САЙЁРА ТАҲДИД КАРДА, БАРОИ БАШАРИЯТ ХАТАРИ НА КАМТАР АЗ СИЛОҲИ ЯДРОИРО БА МИЁН ОВАРДААСТ».

Эмомалӣ Раҳмон

Терроризму экстремизм яке аз падидаҳои номатлуб дар замони муосир ба шумор рафта, ҳамчун омилҳои асосӣ ва таҳдид ба амнияти миллӣ ва суботи сиёсии кишварҳои олам арзёбӣ мегардад. Маврид ба зикр аст, ки давоми ду даҳсолаи охир афзоиши шумораи созмонҳои террористию ифротгароӣ, авҷи амалҳои  террористӣ дар шакли нав ва бо усулҳои гуногун, зоҳир шудани фаъолияти созмонҳои террористӣ дар минтақаҳои гуногуни олам, ҳамчун василаи бесуботкунандаи ҷомеа ва сокинони сайёра ба мушоҳида мерасад.

Дар робита бо ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқӣ Созмони Милали Муттаҳид ва  ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муқовимат бо терроризму экстремизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин ҷода тадбирҳои таъхирнопазир андешида, муборизаи беамон мебарад.

Бо дарназардошти ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки 4 майи соли 2018 дар шаҳри  Душанбе баргузор гардид,  изҳор дошанд: «Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад».         

Маврид ба зикр аст, ки дар шароити рушди илму технология гурӯҳҳои террористӣ бо истифода аз фазои маҷозии интернет тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ташвиқу тарғиби ғояҳои ифротӣ бо усулҳои гуногун ва ҷалби ҷавонони ноогоҳ машғул мешаванд.

Ҷои таасуф аст, ки баъзе ҷавонони ноогоҳ дар натиҷаи чунин таъсир ба идеалогияи иртиҷоӣ ворид шуда, худро ҳамчун шахси комил дар ҷомеа идора карда наметавонанд. Идеалогияи носолими ифротӣ ақлу хиради ҷавононро коста мегардонад. Онҳоро аз оила ва аҳли пайвандон дур сохта, аз мафкураи чунин ашхос калимаҳои муқаддаси зиндагӣ, ба мисли Ватан, модар, ҳаёт ва ишқро дур месозад ва мутаасифона аёми зебои ҷавониро барбод медиҳанд, ки оқибат ва паёмадҳои нохуши шомил шудан ба гурӯҳҳои терористӣ нооромии дил, маъюсӣ, ғаму андӯҳи пайвандон, ҷавобгарии ҷиноятӣ ва оқибат марг аст.

Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 26 январи соли 2021 ҳушдор доданд, ки «Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд».

Бо дахли ин мавзӯъ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, баён доштанд, ки: «Таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа дар шароити имрӯза зарурат ва аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти марбута дар ин самт тамоми чораҳоро меандешанд.

 Аз ҷумла, ба масъалаҳои омода кардани мутахассисони ба талаботи шароити муосир ҷавобгӯй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин, таҳкиму тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад. Дар ин ҷода, мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст».

Таъкид намудан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз ин падидаҳои номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам сохт ва мубориза бо тероризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсатӣ давлатӣ маънидод мегардад.

 Дар ин ҷода, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ва даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқии дигар қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтанд.

         Дар «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 тасдиқ гардидааст, тарғиби ғояҳои экстремизм ва терроризм тавассути шабакаи интернет, ҷалбкунии ҷавонон ба сафи ташкилоти байналмилалии экстремистию террористӣ, кӯшишҳои аз ҷониби ин ташкилот тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ дар ҳудудҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдидҳои воқеӣ ба суботи сиёсии мамлакат муаррифӣ шудаанд.

Аз таҳлили вазъ, омилҳо ва манбаъҳои таҳдиди терроризм ва экстремизм, ки дар стратегияи мазкур зикр шудаанд, бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, ҷуғрофиё ва доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағйирёбандаанд.

Хотирнишон месозем, ки заминаҳои ҳуқуқӣ танҳо роҳи ҳалли масъала набуда, қабл аз ҳама бояд ҳисси ватандӯстиву хештаншиносиро дар ниҳоди ҷомеа талқин намоем. Ҳар фарди бо нангу номус, хусусан ҷавонон бояд бо роҳи аз худ намудани донишу хирад ва ақли солим сулҳу субот, осоиштагӣ, Ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатиро ҳамчун арзишҳои муқаддас ҳифз ва арҷ гузоранд.

Дар баробари ин, яке аз мушкилотҳои асосии дигари  замони муосир, ки бештар  аз силоҳ барои башарият таҳдид эҷод мекунад, ин силоҳи қатли ом ё маводҳои ядроӣ ба ҳисоб мераванд, ки ҷомеаи башариро дар ҳоли нигаронӣ қарор медиҳад.

Дар ин росто, ҷиҳати мубориза бо ин зуҳурот, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Аакадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон баҳри татбиқ намудани «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»  ва мубориза бар зидди терроризм бо истифода аз маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, тавассути омода намудани мутассасисони ботаҷриба дар Маркази минтақавии амният ва кафолати ХБРЯ ҳамкориро бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ тақвият мебахшад.

  Бо дарназардошти авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон кормандони Агентии амнияти химиявӣ,биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки ҷиҳати татбиқи бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид, тавассути Маркази минтақавӣ оид ба масъалаҳои пешгирии паҳншавии силоҳи қатли ом ва назорати содиротӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Афғонистон барои мутахассисони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ давраҳои омӯзишӣ баргузор намуда, савияи дониши онҳоро дар самти пешгирии паҳнашавии силоҳи қатли ом боз ҳам баланд бардоранд.

Бо дарки ин воқеият ва бо мақсади ҳифзи суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ дар кишвар моро зарур аст, ки дар бораи оқибатҳои фоҷеабори ин падидаи номатлуб андешаи комил дошта бошем ва бо донишу хирад ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, дастҷамъона ба муқобили ин падидаҳои номатлуб, аз ҷумла, терроризму экстремизм муборизаи оштинопазир барем. Ҳамчунин, яке аз роҳҳои муассири пешгирӣ намудани гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва коҳиш додани таъсири манфии ин падида, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон мебошад.

Олимҷон Азизов – н.и.т, мудири шуъба

Заробудин Ширинов – нозири калони

Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ