Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ яке аз номдортарин ва забардасттарин шоирони порсигӯ ва орифони асри XIII тоҷику форс мебошад. Ӯ соли 1184 дар шаҳри Шероз, дар оилаи тоҷик ба дунё омада, дар айёми кӯдакӣ аз падар ятим мондааст. Муҳити фарҳангӣ ва илмии замонаш аз овони ҷавонӣ ӯро ба омӯзиши илм ҷалб кард.
Дар ҷавонӣ ба Бағдод рафта, дар мадрасаи «Низомия» таҳсили илм намудааст. Пас аз хатми таҳсил Саъдӣ ба ҷаҳонгардӣ машғул мешавад. Ба Эрон, Арабистон, Осиёи Хурд, Миср, Шом, Хуросон, Мовароуннаҳр ва дигар сарзаминҳо сафар кардааст. Ин сафарҳо ҷаҳонбинии ӯро васеъ намуда, дар ташаккули афкор ва осораш нақши муҳим бозиданд.
Аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои Саъдӣ китоби «Бӯстон» мебошад, ки соли 1257 таълиф шудааст. Ин асар ба шакли шеър навишта шуда, масъалаҳои ахлоқӣ, инсондӯстӣ, адолат ва тарбияи инсонро дар бар мегирад. Асари дигари машҳури ӯ «Гулистон» аст, ки соли 1258 таълиф гардида, аз ҳикояҳои пандомӯз ва андарзҳои ҳакимона иборат мебошад. Забони асар сода, равон ва пурмазмун аст.
Саъдӣ дар осораш инсондӯстӣ ва ваҳдати башариятро тарғиб мекунад. Аз осори шоир куллиёте боқӣ мондааст, ки дар шакли маснавӣғазалтарҷеъбандтаркиббандқасидарубоӣ эҷод шудаанд. Байти машҳури ӯ:
Бани Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд, аҳаммияти дӯстӣ, ҳамгироӣ ва баробарии инсонҳоро таъкид менамояд.
Осори Саъдии Шерозӣ то имрӯз арзиши баланд дошта, мардумро ба некӣ, адолат ва инсонпарварӣ раҳнамоӣ мекунад.
Дар миёнсолӣ Саъдӣ ба Шероз бармегардад ва дар синни 108-солагӣ аз олам чашм мепӯшад. Ӯро дар гулгашти Мусаллои Шероз ба хок месупоранд ва мақбараи ӯ яке аз мавзеъҳои маъруфи фарҳангӣ ва таърихӣ ба шумор меравад, ки зиёратгоҳи пиру барност.