Абӯнасри Форобӣ файласуф, риёзидон, мусиқишинос ва донишманди маъруфти тоҷику форс буда, аз ҷумлаи бузургтарин намояндаи фалсафаи шарқи асримиёнагӣ дониста мешавад. Ӯ соли 257 ҳиҷрии қамарӣ дар Форёби Хуросон (воқеъ дар Афғонистони кунунӣ) ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Шом (Сурия) сафар карда, дар назди олимону донишмандони давр илми мантиқ ва фалсафаро омӯхтааст. Ба зудӣ номи ӯ ба унвони файласуф ва донишманд шуҳрат ёфт. Чун ба Бағдод бозгашт, гурӯҳе аз шогирдон гирди ӯ ҷамъ омаданд. Форобӣ дар риштаҳои гуногуни илм беҳамто буд, чунонки дар бораи ҳар илме аз улуми замони хеш китоб навиштааст. Аз китобҳои ӯ маълум мешавад, ки дар улуми забон, риёзиёт, кимиё, ҳайат, улуми низомӣ, мусиқӣ, табииёт, илоҳиёт, улуми маданӣ, фиқҳ, мантиқ ва фалсафа маҳорати баланд доштааст.Форобӣ тавонист, як мактаби комили фалсафиеро бунёд ниҳад, ки дигар олимону донишмандони ҳамасраш ба ӯ эҳтироми баланде қоил буданд. Форобӣ мусиқиро дорои ду буъди назарӣ ва амалӣ медонад ва муътақид аст, ки шогирдон аввал бояд мусиқии назариро биёмӯзанд ва сипас дар созҳои мусиқӣ маҳорати лозимро пайдо кунанд. Дар ин маврид Абӯнасри Форобӣ дар асари машҳураш «Китобу-л-мусиқӣ-ал-кабир» («Китоби бузурги мусиқӣ») роҷеъ ба равиши ҷӯрсози (кӯки)-и танбур бо шеваи «кӯки бухороӣ» (дар муқобили «кӯки бағдодӣ») маълумот додааст. Осори Форобӣ дар илмҳои мантиқ, фалсафа, ҳандаса, мусиқӣ, кишвардорӣ ва дигар бахҳо таълиф шудаанд. Абӯнасри Форобӣ соли 330 ҳиҷрии қамарӣ (941 милодӣ) ба Димишқ рафт ва ба Сайфуддавлаи Ҳамадонӣ — ҳокими Ҳалаб пайваст ва дар зумраи уламои дарбори ӯ даромад. Дар соли 951 дар Димишқ дар синни 80-солагӣ дунёро падруд ва дар қабристони «Бобу-с-сағир» ба хок супорида шудааст.