Имрӯз, 21.02.2026 дар назди бинои Муассисаи давлатии ТВ «Илм ва табиат» шанбегии умумӣ гузаронида шуд.
Ин тадбири созанда бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, тақвияти фарҳанги шаҳрнишинӣ ва таҳкими муносибати ғамхорона ба табиат роҳандозӣ шуд.
Кормандони муассиса бо эҳсоси масъулият гирду атрофи биноро тоза намуда, бехи дарахтонро нарм ва навдаҳои онро ба шакл дароварданд.
Тадбири имрӯза танҳо як кори одии поксозӣ нест, балки ҳизфи муҳити экологист, зеро муҳити солим на танҳо зебоӣ меофарад, балки ба саломатии инсон, руҳияи корӣ ва илҳоми эҷодӣ таъсири мусбат мерасонад.
Минбаъд низ чунин тадбирҳо ба роҳ монда мешаванд.