Машқҳои пагоҳирӯзӣ ҳамчун ҷузъи муҳими тарзи ҳаёти солим дар саросари кишвар ба роҳ монда шуда, ба як ҳаракати иҷтимоӣ табдил меёбанд.
Субҳи имрӯз, 21.02.2026 кормандони Муассисаи давлатии ТВ «Илм ва табиат» низ чун дигар кормандони ташкилоту муассисаҳо дар машқҳои пагоҳирӯзӣ, ки дар Боғи устод Рӯдакӣ баргузор гардид, бо рӯҳияи баланд ва эҳсоси масъулият иштирок намуданд.
Тавре мутахассисони соҳаи тиб таъкид мекунанд, 20–30 дақиқа машқи пагоҳирӯзӣ гардиши хунро дар бадани инсон беҳтар намуда, фаъолияти майнаи сарро фаъол месозад ва сатҳи стрессро коҳиш медиҳад.
Тибқи таҳқиқоти илмӣ, одамоне, ки мунтазам ба варзиш машғул мешаванд, дар баробари нигоҳ доштани саломатии бардавом, инчунин, қобилияти корӣ ва фикрии беҳтар доранд.
Барои кормандони соҳаи телевизион, ки фаъолияти онҳо бо эҷод, таҳлил ва масъулияти иттилоотӣ алоқаманд аст, чунин машқҳо манбаи неру ва илҳоми нав мебошанд.