Иштироки кормандони ТВ «Илм ва табиат» дар Анҷумани илмӣ-амалии байналмилалии «Хонишҳои Артуч – 8», ки таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (солҳои 2027–2036)» баргузор гардид. Дар доираи анҷуман иштирокчиён дар муҳокимаи масъалаҳои марбут ба таҳкими сулҳ, рушди ҳамкориҳои илмӣ ва табодули таҷриба миёни муҳаққиқону коршиносон ширкат варзиданд. Дар фарҷоми ҳамоиш барои иштироки фаъол ва саҳми арзанда дар кори анҷуман ба иштирокчиён ифтихорномаҳо тақдим гардид.