
Қаблан Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итилоъ дода буд, ки рӯзи 26 — уми феврали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои тағирёбанда ва бориши борону барф дар минтақаҳои гуногун ба қайд гирифта мешавад. Инчунин дар минтақаҳои тармафарои шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе – Чаноқ (километрҳои 48–74 ва 78-81), бахусус минтақаҳои тармафарои Майхура, Зидеҳи ноҳияи Варзоб, ҳамзамон дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ сар задани зуҳуроти тарма дар назар аст.
Имрӯз бо оғози рӯзи 26 – уми феврал бориши борон дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳо ба назар расида истодааст. Борон яке аз неъматҳои бузурги табиат ба шумор меравад. Он сарчашмаи ҳаёт буда, барои инсон, ҳайвонот ва наботот аҳамияти бисёр калон дорад. Бе борон идомаи зиндагӣ дар рӯйи замин хеле душвор мегардад. Чун пеш аз ҳама, борон заминро намнок карда, барои сабзиш ва рушду нумӯи растаниҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Тухмиҳо маҳз дар замини намнок месабзанд ва кишоварзон аз боришот барои гирифтани ҳосили фаровон истифода мебаранд. Солҳое, ки боришот кофӣ аст, ҳосили зироатҳо зиёд шуда, фаровонии маҳсулоти ғизоӣ таъмин мегардад.
Илова бар ин, борон манбаъҳои обро пур мекунад. Дарёҳо, кӯлҳо ва чашмаҳо аз ҳисоби боришот ғанӣ мегарданд. Ин об барои нӯшидан, обёрии заминҳо ва дигар эҳтиёҷоти рӯзмарраи инсон зарур мебошад. Ҳамчунин борон қисми муҳими гардиши об дар табиат аст, ки ба нигоҳ доштани мувозинати экологӣ мусоидат мекунад.
Борон ҳаворо низ тоза мекунад. Қатраҳои борон чанг ва моддаҳои зарароварро аз фазо шуста, ҳаворо софу форам мегардонанд. Баъд аз борон одам эҳсос мекунад, ки ҳаво тароватбахш ва сабук шудааст.
Аз тарафи дигар, боришот боиси сабзидани алафу гиёҳҳо мегардад, ки ин барои ҳайвонот манбаи асосии ғизо мебошад. Бо ҳамин роҳ борон ба идомаи ҳаёти ҳайвонот низ кумак мерасонад.