Фаронса дар рӯзҳои охир бо яке аз шадидтарин мавҷҳои гармии солҳои охир рӯ ба рӯ шудааст. Тибқи маълумоти мақомоти тандурустии Фаронса, аз оғози мавҷи гармӣ то имрӯз тақрибан 1000 ҳолати фавти изофӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ба таъсири мустақими ҳарорати аз ҳад зиёд марбут дониста мешавад. Аксари қурбониёнро шахсони синнашон аз 65 боло мебошанд.Гармии шадид инчунин боиси афзоиши ҳолатҳои беҳушшавӣ, гармозадагӣ ва муроҷиати ҳазорон нафар ба муассисаҳои тиббӣ гардидааст. Дар баробари ин, бо мақсади раҳоӣ аз гармӣ шумораи зиёди сокинон ба соҳилҳо, кӯлҳо ва дарёҳо рӯ овардаанд, ки дар натиҷа даҳҳо нафар ҳангоми шиноварӣ ҷони худро аз даст додаанд. Ҳукумати Фаронса аз сокинон даъват кардааст, ки дар соатҳои гармтарини рӯз аз баромадан ба кӯча худдорӣ намуда, бештар об нӯшанд ва ба саломатии кӯдакон, пиронсолон ва шахсони осебпазир таваҷҷуҳи махсус зоҳир кунанд. Ҳамзамон, марказҳои махсуси хунуккунӣ дар як қатор шаҳрҳо фаъол гардида, хадамоти изтирорӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд.