Рӯзҳои 15 то 18 июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, ҳарорати рӯзона дар ноҳияҳои водибуда то 41+46° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ то 33+38° гарм ва дар ноҳияи Дарвози ВМКБ то 39+41° гарм мешавад. Инчунин бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои хусусияти пиряхӣ дошта пешгӯӣ мешавад. Дар робита ба баланд шудани ҳарорати ҳаво, дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш баландшавии сатҳи об дар назар аст.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон