Рӯзи 21 июл дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони бошиддат меборад. Рӯзҳои 21-23 июл бо сабаби ба амал омадани боришот, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла дар вилояти Суғд (ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент) хавфи сар задани селҳои хусусияти маҳаллӣ дошта пешгӯӣ мешавад.
Рӯзҳои 21 то 23 июл дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ш. Душанбе ва санаи 22-23 июл дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу-ғарбӣ ва ҷанубӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон то 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон то 2,5мкр (Рм-2,5) пешгӯӣ мешавад.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро андешанд.
Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон