

Бо ифтихор иттилоъ медиҳем, ки магистранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Каримзода Фаррух дар 6-умин Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон (OMOUS-2026) сазовори медали тилло гардид.Ин дастовард аввалин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин олимпиада ба ҳисоб меравад.Олимпиада аз 23 то 28 марти соли 2026 дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон бо иштироки 547 нафар аз 72 донишгоҳ ва 10 давлати ҷаҳон баргузор гардид. Каримзода Фаррух дар категорияи А (математикҳои касбӣ) бо намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон рақобат намуда, маҳорати баланди зеҳнии худро нишон дод.Қобили зикр аст, ки ӯ ҳамзамон дар омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ саҳми фаъол дошта, таҷрибаи худро ба насли наврас мерасонад.