Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Тоҷикистон рунамоии Китобномаи шарҳиҳолии шоир, нависанда, рӯзноманигор ва тарҷумони тоҷик Маҷид Салим баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур олимону шоирон, намояндагони воситаҳои ахбори омма, наздикону пайвандон ва алоқамандони асарҳои нависанда иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ директори МД “Китобхонаи миллӣ”-и Тоҷикистон баромад карда, доир ба таҳқиқу баррасӣ ва таҳияи дастурҳои библиографӣ, китобҳои шарҳиҳолӣ ва дигар нашрияҳои маълумотдиҳанда вобаста ба шахсиятҳои маъруфу машҳури ҷомеаи кишвар, ки аз шумори вазифаҳои “Китобхонаи миллӣ” ба ҳисоб мераванд, ибрози назар кард.
Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш баромадкунандагон рӯнамоӣ ва муаррифӣ намудани китоби мазкурро дар фазои адабиёт падидаи тоза ва иқдоми неку муфид арзёбӣ намуданд.
Роҷеъ ба арзишу аҳамияти Китобномаи шарҳиҳолии шоир, нависанда, рӯзноманигор ва тарҷумони тоҷик Маҷид Салим қайд карданд, ки китоби мазкур дар айни ҳол кори арзишманди илмӣ буда, роҷеъ ба омӯзиш ва таҳқиқи осори нависанда сарчашмаи хуб мебошад.
Гуфта шуд, ки Маҷид Салим аз шумори рӯзноманигорон ва нависандагони маъруфи кишвар буда, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ ва номзади илмҳои филология мебошад.
То ба ӯ ҳеҷ рӯзноманигор ва нависандае дар кишвар ба мавзӯи олами ҳайвонот ва парандагон ба таври васеъ ва муҳаббати беандоза рӯй наоварда буд.
Маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолии шоир, нависанда, рӯзноманигор ва тарҷумони тоҷик Маҷид Салим аз пешгуфтор, 2 қисм, кумакфеҳристҳо ва 192 саҳифа иборат буда, соли 2024 ба табъ расидааст.
Дилшод Алсамадов