Бо камоли эҳтиром ва самимият Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки яке аз санаҳои муҳимми тақдирсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад, самимона табрик мегӯям.27 июн дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рӯзи пирӯзии сулҳ ва ҳамбастагии миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ин рӯзи фархунда рамзи иттиҳод, ҳамдилӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ буда, арзишҳои волои сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таҷассум менамояд. Ваҳдат неруест, ки дилҳоро ба ҳам мепайвандад, ҷомеаро муттаҳид месозад ва заминаи пешрафту шукуфоии давлатро фароҳам меорад. Маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор ва соҳиби обрӯву нуфузи баланд эътироф гардидааст. Дар фазои сулҳу оромӣ кишвари мо дар тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, роҳи рушди устуворро пеш гирифтааст.Яке аз самтҳое, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ рушди бесобиқа касб намуд, соҳаи воситаҳои ахбори омма мебошад. Имрӯз шумораи шабакаҳои телевизионӣ, радиоҳо, рӯзномаву маҷаллаҳо ва расонаҳои рақамӣ афзоиш ёфта, онҳо дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, боло бурдани маърифати ҷомеа ва муаррифии дастовардҳои кишвар нақши арзанда доранд.Имрӯз аҳли эҷод рисолати пурмасъулияти худро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ иҷро намуда, тавассути сухани созанда, андешаи солим ва барномаҳои пурмуҳтаво дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва рушди тафаккури илмии шаҳрвандон саҳм мегузоранд.Зимнан боиси ифтихори бузур аст, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ бегоҳии 25-уми июни соли равон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд. Тавассути қатъномаи мазкур, давлатҳои узви ин созмони муътабари ҷаҳонӣ уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд. Қабули чунин як ҳуҷҷати муҳим бо ташаббуси навбатии Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақши сулҳофару ваҳдатпарвари миллати тоҷик сарчашма гирифта, ҳамакнун саҳме дар таҳкими пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии фарҳанги сулҳ хоҳад буд.Бовар дорам, ки мо бо ҳифзи Ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои муқаддаси давлатдорӣ ва заҳмати содиқона барои ободии бештари Ватан минбаъд низ Тоҷикистони азизамонро боз ҳам пешрафта, шукуфон ва сарсабз хоҳем намуд.Бори дигар тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар сулҳу осоиш, тандурустии комил, рӯзгори босаодат, файзу баракат ва дастовардҳои навин орзу менамоям.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!