27 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади қадршиносии волидайн ва омӯзгорони ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

 Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, 53 нафар омӯзгор барои саҳми арзанда дар омода намудани шогирдон бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 84 нафар волидайни ғолибони озмун бо нишони «Маърифатпарвар» сарфароз  гардонида шуданд.

АМИТ «Ховар»