Дар толори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони ширкати «Радметрон»-и Ҷумҳурии Белорус вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ширкати «Радметрон» — и Ҷумҳурии Беларус муҳокима гардиданд.
Бояд гуфт, ки ширкати «Радметрон» ба истеҳсол ва фурӯши таҷҳизоти муайянкунанда ва кашфи маводи радиатсионӣ, инчунин химиявӣ машғул аст. Истифодаи таҷҳизоти ин ширкат, ки шакли электронии он муаррифӣ шуд, дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумрук ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир аст.
Зимни вохӯрӣ мутахассисони Беларус барои ҳамкории судманд изҳори омодагӣ намуданд. Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибае, ки дар самти бехатарӣ ва кашфи маводи радиатсионӣ мавҷуд аст, ба мувофиқа расиданд.
АМИТ «Ховар»