Таеквондочии тоҷик Мунира Абдусаломова (+67 кг) дар даври ҳаштякниҳоии Бозиҳои олимпии Париж -2024 аз намояндаи Фаронса — Алтея Лорен мувоҷеҳи шикаст шуд.
Рақиби Мунира — Алтея Лорен дар Бозиҳои олимпии Токио -2020 ба гирифтани нишони биринҷӣ ноил шуда буд. Соли 2023 Лорен дар Чемпионати ҷаҳон соҳиби нишони тилло ва дар Чемпионати Аврупо соли 2022 ба гирифтани нишони тилло ноил шудааст.
Ба ҳамин тартиб, дар сурати то ба финал роҳ ёфтани Алтея Лорен варзишгари мо дар даври тасаллобахш рақобатро идома медиҳад.