Бар асари сӯхтори ҷангал дар шимолу ғарби Испания, дар наздикии сарҳад бо Португалия қариб 200 гектар ҷангали дарахтони сӯзанбарг сӯхтааст. Қариб ҳазор нафар одамон кӯчонида шуданд.
Сӯхтор 17 август дар ҷангале дар ҳудуди мунисипалитети Самора, дар музофоти Кастилия ва Леон, тахминан дар километри 10-уми сарҳад бо Португалия ба амал омадааст.
АМИТ «Ховар»