Дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Пажуҳишгоҳи тиббии бунёдӣ таъсис дода шуд, ки дорои 5 озмоишгоҳи таълимӣ бо лавозимот ва таҷҳизоти муосир мебошад, чунин иттилоъ дод ректори донишгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Гуфта шуд, ки дар ин Пажуҳишгоҳ озмоишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, кишти селулаҳои бунёдӣ, омӯзиши бофтаҳо, бактериологию иммунологӣ ва озмоишгоҳи бактериология ва патологияи эндотелия амал менамоянд.
Тазаккур дода шуд, ки таъсиси озмоишгоҳҳои ҷадид ҷиҳати боз ҳам пурмаҳсул гардидани фаъолияти донишгоҳ дар самти корҳои илмию таҳқиқотӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки донишгоҳ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ аз рӯйи 5 ихтисос — «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа», «Стоматология» ва «Фарматсия» мутахассис омода менамояд.
Инчунин дар донишгоҳ аз рӯи 40 ихтисос мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар зинаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ- таҳсил дар зинаи интернатура, ординатураи клиникӣ, ихтисосгирии аввалия, магистратура, докторантура, доктор (PhD)- доктор аз рӯйи ихтисос омода мешаванд.
Илова бар ин дар Маркази таҳсилоти баъдидипломии Донишгоҳ такмили ихтисос, бозомӯзии касбӣ ва ихтисосгирии аввалин барои табибон ва омӯзгорон аз рӯйи ҳамаи равияҳои тиббӣ амал менамояд.