«Раванди ислоҳоти кишоварзӣ ва ноилшавӣ ба афзалияти миллӣ дар рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор»- таҳти чунин унвон дар шаҳри Ҳисор машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус  иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Машварат дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бозомӯзии мутахассисони соҳаи кишоварзии ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ гузаронида шуда, дар он олимону мутахассисони варзидаи соҳаи кишоварзии мамлакат иштирок намуданд.
Зимни машварат олимон оид ба технологияи бунёди боғу токзор ва лимӯхонаҳои замонавӣ, парвариш, башаклдарорӣ ва аҳамияти иқтисодии парвариши он, татбиқи принсипи муборизаи маҷмуавӣ бар зидди ҳашароти зараррасон ва дигар тадбирҳои агротехникӣ, кам намудани таъсири манфии он ба иқлим, ҳолати парандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, моҳипарварӣ, бордоркунии сунъӣ ва роҳҳои иҷро, технологияи парвариши хӯроки чорво ва қоидаҳои захираи он маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Ҳамчунин дар машварат муколамаи озод баргузор гардида, иштирокдорон оид ба дастоварду мушкилот дар раванди фаъолият табодули назар намуданд.