Мувофиқи тақвими Шарқӣ рамзи соли 2025 МОР аст. Соли одамони зиндадил, шӯх ва қавиирода буда, хислати сол поквиҷдонӣ, ростӣ, заковат ва хирадмандӣ дониста мешавад. Ҳар нафари ба кори тоза иқдомкарда, дар ин сол, агар дар азмаш устувор бошад, ҳатман ба мақсад мерасад. Ҳамчунин, агар касе дар соли МОР ба танбаливу беаҳамиятӣ роҳ диҳад, имкони аз даст додани дастовардҳои чандинсолааш низ мавҷуд аст. МОР шитобкориро дӯст намедорад. Ҳар гуна амали манфӣ дар ин сол нобахшиданист ва паёмади нохуше ҳам дар пай дорад.
СИЁСАТ
Мувофиқи пешгӯиҳои коршиносон соли 2025 метавонад рӯйдодҳои ғайричашмдоштро дар ҷаҳон ба бор орад, ки ба иқтисод, технология ва экология таъсир мерасонанд.
Гузариш ба мошинҳои барқӣ метавонад талабот ба нафтро то сатҳи хатарнок коҳиш диҳад. Ин ба коҳиши нақши ОПЕК оварда мерасонад ва бозори энергетикаро тағйир медиҳад, то вобастагӣ аз сӯзишвории фоиданокро кам кунад.
ПЕШГӮИҲОИ ВАНГА
Мувофиқи мақолае, ки чанде пеш дар The New York Post нашр шуд, Ванга соли 2025‑ро ҳамчун соли рӯй додани фалокатҳои бузург дар Аврупо пешгӯӣ кардааст. Ба гуфтаи Ванга, инсоният то соли 5079 вуҷуд хоҳад дошт, аммо соли 2025 нуқтаи ибтидоии тағйироти глобалии апокалипсисӣ хоҳад буд. Ванга ҳамчунин пешгӯӣ кардааст, ки дар Замин равандҳои фалокатбор идома хоҳанд ёфт. Аз ҷумла, то соли 2033 ҳамаи пиряхҳо об мешаванд, ки ин боиси баландшавии сатҳи обҳои уқёнусҳо мегардад.
ПЕШГӮИИ СИТОРАШИНОС ТАТЯНА БОРШ
Астрологи машҳур Татяна Борш дар китоби «Соли Морчаи Чӯбин. Пешгӯии астрологӣ барои соли 2025» соли навро ҳамчун як давраи душвор тасвир мекунад. Ба гуфтаи Борш, соли 2025 на танҳо дар сиёсат, балки дар ҳаёти шахсии бисёриҳо тағйироти куллӣ хоҳад шуд. Сиёсатмадорони кӯҳна аз вазифа рафта, ҷойро ба насли нав медиҳанд, ки ин барои ҷаҳониён фоидаовар хоҳад буд.
— Моҳҳои душвори соли 2025: январ ва феврал. Дар ин давра, бо иловаи ҳаракати баръакси Марс (аз 6‑уми декабри соли 2024 то 24‑уми феврали соли 2025), Юпитер ва Сатурн низ дар ихтилоф қарор мегиранд. Ин омилҳо метавонанд ба нооромиҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон оварда расонанд. Ба гуфтаи астролог, бештар аз ҳама ИМА ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо зарар хоҳанд дид.
ИҚТИСОДИЁТ
Дар соҳаи иқтисод Борш пешгӯӣ мекунад, ки вазъ дар ҷаҳон бадтар мешавад, аммо Русия таъсири камтар мебинад.
Дар минтақаҳое, ки қаблан обхезиҳо рух дода буданд, вазъ метавонад бадтар шавад. Баҳор ва тобистони соли 2025 бо офатҳои табиӣ, аз ҷумла сӯхторҳои васеъмиқёс, мушаххас хоҳанд шуд. Ин сӯхторҳо, бо таъсири Сатурн ва Нептун, ки дар давоми тобистон дар аломати оташини Ҳамал қарор мегиранд, аз солҳои қаблӣ шиддатноктар хоҳанд буд. Бо ором шудани таъсири сайёраҳо, дар нимаи дуюми сол ҳаёт тадриҷан ба ҳолати муътадил бармегардад.
ТАНДУРУСТӢ
Дар соҳаи тиб пешрафти азим ба даст хоҳад омад: олимон бори аввал қалби инсонеро, ки бо биология мувофиқ аст, чоп мекунанд. Ин рӯйдод уфуқҳои навро дар табобати бемориҳо ва дароз кардани умри инсон мекушояд. Бо пешрафт дар технологияҳои навтарин, таҳияи ваксинаҳои зидди саратон дар соли 2025 метавонад табобат ва пешгирии бемориҳои вазнинро ба сатҳи комилан нав барорад.
ДАР СОЛИ МОР АЗ КАДОМ БЕМОРИҲО БОЯД ЭҲТИЁТ ШУД?
МОРИ обӣ бештар ба бемориҳои вирусӣ ва узвҳои дарунӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳангоми истеъмоли хӯрок дар тарабхонаю қаҳвахонаҳо эҳтиёт бошед. Азбаски МОР хазандаи серҳаракат аст, ин неру дар Соли МОРИ сиёҳи обӣ ба одамон низ мегузарад. Аз ҳад зиёд бетанаффус кор кардан ба дил зарари зиёд дорад, аз ин рӯ, бештар ба тарзи ҳаёти солим майл кунед. Агар гурда, ҷигар ё меъдаатон нуқси аз назари худатон на он қадар ҷиддӣ ҳам дошта бошад, аз пайи табобат шавед. Нафароне, ки аз бефарзандӣ азият мекашанд, имсол метавонанд соҳиби фарзанд гарданд.
ИШҚУ МУҲАББАТ
МОР дар ҷодаи муҳаббат махлуқи бисёр ҳам бовафост. Табиатшиносон мегӯянд, ки агар ҷуфти МОРРО касе барқасд кушад, ошиқ-мор албатта ӯро ёфта, заҳр мезанад. Яъне, ба ҷойи хун хун мегиранд, аз ин рӯ, дар ишқу муҳаббат бовафо бошед, кӯшиши фанду фиреб намудани касеро ҳатто ба гӯшаи хотир наоред, ки аҳволатон бад хоҳад шуд.
МОР рамзи покию муҳаббати беҳудуд аст ва барои онҳое, ки мақсади издивоҷ доранд, ин сол беҳтарин сол барои расидан ба орзуяшон мебошад. МОР хазандаи хеле зираку доност, ҳатто пай мебарад, ки ҳайвон ё инсони ба сӯйи ӯ омадаистода дар дилаш чӣ мақсад дорад.
Аз манбаҳои боз