Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд.
Олимпиада дар шаҳри Тошканд баргузор гардида, дар он дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Онҳо соҳиби 6 медали тило, 20 медали нуқра ва 37 биринҷӣ шуданд.
Ин дастовард нишондиҳандаи омодагии ҳамаҷониба ва сатҳи баланди дониши хонандагони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ғолибон ва аъзои дастаи Тоҷикистон тавонистанд, ки маҳорат ва истеъдоди худро ба намоиш гузоранд ва парчами Тоҷикистонро дар ин чорабинии бонуфузи илмӣ парафшон созанд.
АМИТ «Ховар»