МУФАССАЛ   http://www.president.tj/node/31666

20 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбук зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нави соҳаи энергетикӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати молиявии Бонки Осиёии рушд бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст. Фармоишгари иншоот ҶСК “Барқи Тоҷик” буда, паймонкор ширкати консорсиуми “Генсер ва Ҷенерал электрик” мебошад. Зеристгоҳ бо мақсади саҳмгузорӣ дар яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори энергетикии мамлакат сохта шудааст.