ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» форуми байналмилалӣ доир мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, форум бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмини амнияти иқтисодӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳарчӣ бештар ворид шудани сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат, дастгирии соҳибкорӣ ва вусъат бахшидани чораҳои муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат гузаронида мешавад.
Дар форум намояндагони мақомоти зиддикоррупсионии дохилӣ ва хориҷӣ аз давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Беларус, Федератсияи Русия ва намояндагони созмону ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ иштирок менамоянд.