Имрӯз дар вилояти Суғд ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба ташкили амалиёти зиддимухаддиротӣ ва дигар самтҳои фаъолият дар доираи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти ваколатдор оид ба муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, мақомоти зиддимухаддиротии ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, ва Федератсияи Русия, инчунин Росфинмониторинг иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҳимзода ифтитоҳ намуд.
Дар ҷаласа баргузории амалиёти зерминтақавии зиддимухаддиротӣ бо номи шартии “Канал-Авангард” бо ҷойгиркунии Ситоди байналмилалии ҳамоҳангсозии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи дуюми соли 2024 баррасӣ гардид.
Инчунин дар ҷаласа вазъи маводи нашъаовар дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ шунида шуда, мубодилаи афкор анҷом дода шуд.
Аз рӯйи натиҷаи ҷаласа протокол ба имзо расид.
АМИТ «Ховар»