Лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Ин лоиҳа бо назардошти таҷрибаи давлатҳои пешқадами ҷаҳон ва таърихи педагогикаи ғании халқи тоҷик таҳия гардида, муқарраркунандаи шакли  таҳсилоти миллӣ мебошад. 

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа иброз намуд, ки сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз чораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, мафкуравӣ ва ҳуқуқӣ ва бо назардошти ҳамоҳангсозӣ ва мутобиқкунии қонунгузории мамлакат бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ амалӣ мегардад.

Барои дар амал татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, аз ҷумла «Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028», «Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» ва «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026» Вазорати маориф ва илм муваззаф гардидааст, ки лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи ислоҳоти сиёсати ҳуқуқии мамлакат таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

Ҳамчунин изҳори умед карда шуд, ки бо қабули Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳама навгонию ислоҳоти дар меъёрҳояш муқарраршуда соҳаи маорифи мамлакат ба сӯйи рушд ва тараққиёт қадамҳои устувор мегузорад.

АМИТ «Ховар»