Соли 2025 тавассути телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии мамлакат 145 лоиҳа ва барномаи нави телевизионӣ таҳия ва пахш карда шуд. Дар ин давра сабт ва пахши филмҳои мустанад аз мавзеъҳои таърихии ҷумҳурӣ оғоз ёфта, тавассути телевизионҳои давлатӣ намоиш дода шуд. Дар ин хусус 26 январ зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз шуд, ки ҳамаи ин филмҳо бо истифода аз зернависҳо ба забони англисӣ таҳия гардидаанд. Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ ба воситаи «Телевизиони Тоҷикистон» рубрикаи алоҳида оид ба нақши донишмандони тоҷик дар поягузорӣ ва ташаккули илми башарият амалӣ гардид, ки ин тарҳ низ бо зернависи англисӣ тарҷума гардидааст.

«Дар давраи ҳисоботӣ нахустин маротиба телевизиони «Синамо» аз корнамоии қаҳрамонони Неругоҳи барқи обии  «Роғун» филми бадеии «Неруи ишқ»-ро сабт намуд. Ҳоло танзими филм ҷараён дошта, рӯзҳои наздик он тавассути телевизион пахш мегардад», – иттилоъ дод Носир Саидзода.

Гуфта шуд, ки соли 2025 дар шабакаҳои радиоии ҷумҳуриявию минтақавӣ дар маҷмуъ 68 бахш ва барномаи нави радиоӣ таҳия карда шуд.