Об асоси ҳаёт аст, вай мӯъҷизаест, ки на ранг на бӯй ва на маза дошта, барои организмҳои зинда муҳим ба ҳисоб меравад, яъне бе об ягон организми зинда фаъолият карда наметавонад. Ин аст, ки обро мӯъҷизаи табиат меноманд. Об барои нигоҳдории фаъолияти муътадили ҳуҷайраҳо, бофтаҳо ва организм зарур мебошад. Муҳимтарин протссесҳои ҳаётан зарури биологии организмҳо бо иштироки об ба амал меояд. Бинобар ин об қисми ҷудонашавандаи кулли организмҳои зинда мебошад ва об барои организмҳо ҳамчун ҳалкунанда аҳамияти бузург дорад.
Ҳамаи моддаҳои органикию ғайриорганикие, ки вориди организм мегарданду дар вай ҳаракат менамоянд дар шакли ҳалшудаанд. Мувофиқи ақидаи физиологҳо аз 3/2 ҳиссаи вазни одам ва аз 40 то 90% таркиби ҳуҷайраи аксари организмҳои зиндаро об ташкил менамояд. Ҳазми об дар таркиби организми набототу ҳайвонот бештар дар вақти авҷи фаъолияташон зиёд мешавад.
Об барои кули организмҳое, ки дар вай фаъолият доранд муҳити зист ва барои ҳамаи организмҳои дар сатҳи хушкӣ фаъолият дошта, омили муҳими экологӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз ягон омили дигари экологӣ монанди об имконияти васеъи паҳншавӣ ва мавҷудияти организмҳои зиндаро дар сатҳи сайёра надорад. Сарчашмаи асосии таъмини оби сайёра боришот мебошад, ки ҳаҷми солонаи вай дар сатҳи кураи замин хеле нобаробар аст. Аз ҳама боришоти зиёди сайёра дар минтақаи атрофии хати истиво аз арзи 100 шимолӣ то арзи 100 мушоҳида мешавад. Об дар тағйир додани иқлим нақши калон мебозад. Аз ин сабаб иқлими назди ҷӯй, каналу дарё ва баҳру уқёнус ҳамеша салқину намнок аст. Об манбаи моҳидорӣ, моҳипарварӣ, намакистеҳсолкунӣ, марҷону марворидгирӣ мебошад. Об асосан истеҳсолоти кишоварзӣ аст. Инчунин манбаи нерӯи барқ ба ҳаракат овардани чархҳои осиёб, обҷувоз мебошад. Об ҳамчун ашёи хоми саноатӣ дар корхонаҳо зарур аст, ҳамчун ҳалкунанда, хунуккунанда, шӯянда ва ба ҳаракаторанда низ мебошад. Мисол: барои гудохтани 1 тонна чӯян ва ба пулод баргардонидани он 300 м3 об лозим аст. Об дар шустушӯй ва тоза нигоҳдории муҳити зиндагии одамон мавқеи бузург дорад.
Дар табиат об ҳамеша дар гардиш аст. Об аз сатҳи замин бухор шуда, ба масофаҳои дур меравад ва пас боз ба шакли борон, барф ва ғайра ба замин мерезад. Об дар раванди ин гардиш ба иқлим таъсири калон мерасонад. Нақши об дар вайрон кардани ҷинсҳои кӯҳӣ хеле калон аст. Об ба ҷинсҳои кӯҳӣ на танҳо таъсири механикӣ расонда онҳоро пора-пора мекунад, инчунин бо таъсири механикӣ, бо онҳо ба реаксияи химиявӣ, дохил мешавад. Бо иштироки фаъолонаи об дар табиат бисёр ҷинсҳои нави кӯҳӣ ба вуҷуд меояд. Оби табиӣ ҳаргиз тоза нест. Вай моддаҳои ҳалшуда ва ҳар гуна ғашу омехтаҳои механикӣ дорад. Дар 1 тонна оби баҳр ва гоҳ ба ҳисоби миёна қариб 35 кг, оби кӯл 20 кг, оби дарё 1,6 кг, оби борон 50 г моддаҳои ҳалшуда мавҷуд аст. Ин гуна моддаҳо бештар дар оби баҳру уқёнусҳо вомехӯранд. Аз ин сабаб маззаи оби баҳр талху шӯр аст. Дар оби борону барф таҳшин хеле кам аст.
Дар оби баъзе чашмаҳо маҳлули моддаҳое ҳастанд, ки хосияти шифобахшӣ дорад. Инчунин обҳоро обҳои минералӣ меноманд. Онҳо барои муолиҷаи касалиҳои гуногун истифода карда мешаванд. Чашмаҳои оби минералӣ дар Кавказ (Кисловодск, Пятигорск, Матсеста ва ғ.), инчунин дар Украина (Трусковетс), Шарқи дур ва дигар ҷойҳо ҳастанд. Дар Тоҷикистон ҳам чашмаҳои оби минералӣ хеле зиёданд. Аз 4/3 ҳиссаи сатҳи замин бо об пӯшида шуда бошад ҳам, қариб 60%-и сатҳи замин аз обҳои нӯшокӣ маҳрум аст ва 500 млн одам ба бемориҳое гирифторанд, ки ба норасогии об ё оби хушсифат вобастагӣ дорад.
Шаҳрҳо ва ноҳияҳое мавҷуд аст, ки об ба воситаи киштӣ ё автомашинаҳо дастрас мешавад. 90%-и таркиби растаниҳо ва 75%-и организми одамро об ташкил мекунад, ки ин шарти асосии ҳаёт аст.
Ҳангоми нарасидани об фаъолияти узвҳои ҳозима, гардиши хун ва ғайра номуташакил мегардад. Одам метавонад бе об якчанд рӯз зиндагӣ кунад. Бо талаф шудани 2%-и оби бадан (1, 1,5 л) ташнагӣ ҳис карда мешавад ва аз норасоии 6-8%-и оби бадан чарх задани сар ва норасоии 10%-и об дар бадан аз ҳуш рафтан ва норасоии 12%-и об ба фавти организм оварда мерасанд. Ҳайвонҳо бошад ҳангоми норасоии 20-25%-и оби бадан ба марг дучор мешаванд.
Вобаста ба шароити муҳит, фаъолияти ҷисмонӣ ва миқдори намаки хӯрок, ба ҳисоби миёна, одам аз 2 то 4 л об дар як шабонарӯз истеъмол мекунад.
Истеъмоли зиёди об ба фаъолияти дил ва рагҳои хунгард таъсири манфӣ расонида ба воситаи оби бадан талафи намакҳо зиёд мешаванд ва фаъолияти кори бадан суст мешавад. Таркиби минералии об аҳамияти калон дорад ва барои организм миқдори то 2гр минералҳо дар 1 л об лозим аст. Мисол аз норасоии фтор дар таркиби об бемориҳои дандон пайдо мешавад. Миқдори намакҳои Са, Mg, Fe, дуруштии обро ташкил медиҳанд. Дар оби дурушт пухтани сабзавоту гушт мушкил аст, чунки намакҳои номбурда ба сафедаҳои моддаҳои хӯрокворӣ пайваст шуда, пайвастагиҳои ҳалшаванда ҳосил мешавад, ки чунин пайвастагиҳоро организм аз худ карда наметавонад. Дуруштии об ҳангоми ҷушонидани он бартараф карда мешавад.
Барои организмҳо суръати ҳаракати об ҳам аҳамияти хосае дорад, чунки зери ҳаракати об организмҳо барои идомаи фаъолияти муътадили худ оксигену маводи ғизоии заруриро дарёфт менамоянд.
Шарифова Бунафша Назруллоевна-унвонҷӯи кафедраи биология ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ