МАНБАЪ: http://www.president.tj/node/32756 22.02.2024
Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, самимона табрик мегӯям.
Беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истиқлолу озодии давлати тоҷикон, марзу буми Ватани аҷдодӣ, амнияту суботи мамлакат ва зиндагии осудаву ороми мардуми кишварро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя карда истодаанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он мебошанд.
Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф, вале бисёр сангину пурмасъулияти таърихӣ – барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи озодиву соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзии кишвар, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ба дӯш гирифтанд.
Дар ин лаҳзаҳои идона бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор медорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар айёми барои халқи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз хизмати ҷавонмардонаву таърихӣ карданд.
Бинобар ин, ба тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат барои хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ баён менамоям.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки ин нукта, ки ҳифзи марзу буми кишвар, таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи муҷаҳҳазу муосир ғайриимкон мебошад, ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба таъсиси Артиши миллӣ ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ оғоз намуд.
Тоҷикистони азизи мо маҳз дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта, яъне дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид ва ин рӯйдоди фоҷиабор ҳалли масъалаи муҳимтарини давлатдорӣ, яъне таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро ба таъхир андохт.
Вале мо, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявии он рӯзҳо, Артиши миллиро амалан дар ҷойи холӣ таъсис додем ва сипас ба ташкили қисму воҳидҳои махсус, омодасозии мутахассисони низомӣ ва бо техникаву таҷҳизот таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи худ оғоз намудем.
Қобили зикри махсус аст, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ дар набардҳои сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва дарки масъулияту рисолати таърихӣ фаъолона иштирок карданд ва обутоб ёфтанд.
Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки маҳз дар натиҷаи шуҷоату матонат ва далериву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар кишвар барои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошта шуд.
Хотирнишон менамоям, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар давраҳои минбаъда низ борҳо бар зидди хоинону душманони миллати тоҷик далерона мубориза бурданд, аз имтиҳони ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд ва дар ин роҳ ҳазорон нафари онҳо ҷони худро қурбон карданд.
Яъне зиндагии орому осудаи мардуми мо ба қимати ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ҷоннисор ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ва хусусан, ҷавонон бояд инро ҳамеша дар хотир дошта бошанд, шукронаи сулҳу суботи пойдори кишварро ба ҷой оваранд ва ба хотири ҳифзи осоишу оромии мамлакат саъю талош намоянд.
Вақтҳои охир вазъи ҷаҳон торафт мураккабу буҳронӣ гардида, раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ торафт шиддат гирифта истодааст.
Яъне вақтҳои охир инсоният ба марҳалаи ниҳоят ҳассосу хатарноке ворид шудааст, ки таърих чунин давраро ёд надорад.
Дар чунин шароит ҳар як шаҳрванди огоҳи ҷомеа, дар навбати аввал, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи неъмати бузурги зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ кӯшиш намоянд.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар, дастгирии моддиву маънавӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ минбаъд низ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.
То имрӯз барои пешбурди хизмат ва зиндагии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароиту имкониятҳои беҳтарин муҳайё карда шудаанд ва мо ин равандро пайгирона идома медиҳем.
Дар робита ба ин, роҳбарон ва ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бори дигар вазифадор месозам, ки доир ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ дар қисму воҳидҳо, омода намудани мутахассисони ҳарбии дорои сатҳи баланди касбият, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия кардани ҳайати шахсӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Дар ин раванд, зарур аст, ки ба масъалаҳои азхудкунии техникаву технологияҳои замонавӣ, таҷҳизоту воситаҳои ҳарбии муосир ва забономӯзии афсарону сарбозон диққати доимӣ ва ҷиддӣ дода шавад.
Ҳамчунин, ба тамоми роҳбарон ва ҳайати фармондеҳӣ такроран таъкид менамоям, ки ба риояи қатъии талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, интизому тартибот, волоияти қонун ва сатҳи баланди омодабошии қисму воҳидҳо эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо садоқат ба савганди ҳарбии худ дар оянда низ қарзи ҷавонмардии хешро дар таъмини амнияти давлату ҷомеа, ҳифзи марзу буми сарзамини муқаддаси тоҷикон, ҳимояи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистон сарбаландона иҷро менамояд.
Бори дигар тамоми афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо ифтихори Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо саломатӣ, иродаи мустаҳкам ва рӯҳи шикастнопазир орзу менамоям.
Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!