Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Аморати Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаҳои муҳими сатҳи баланд оид ба мавзуъҳои глобалии об, ҳифзи пиряхҳо, паҳлуҳои иқтисодӣ-иҷтимоии равандҳои тағйирёбии иқлим суханронӣ намуда, мавқеъ, муносибат ва табдирҳои мақсадноки Тоҷикистонро дар ҳалли ин мушкилоти замони муосир муаррифӣ намуданд.
Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ Сарвари давлат оид ба оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим дар мисоли Тоҷикистон изҳор намуданд, ки «Тоҷикистон аз ҷиҳати таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ниҳоят осебпазир мебошад. Мисоли ин раванд босуръат об шудани пиряхҳои мо мебошад. Бинобар тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ҳамасола селу обхезиҳо ва дигар офатҳои табиии марбут ба об рух медиҳанд. Бар асари онҳо ба иқтисоди мамлакат хисороти зиёд ворид мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо онҳо боиси талафоти ҷонӣ мегарданд».
Бинобар ҳамин Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ аз ин ҳолатҳои ногувор тадбирҳои амалӣ меандешад. Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки «бо мақсади рушди тавлиди энергияи «сабз» ва кам намудани партовҳои карбонӣ мо тасмим гирифтаем, ки иқтидори неругоҳҳои барқи обии худро то соли 2050 ду баробар зиёд намоем. Дар айни ҳол мо 98 фоизи барқи худро дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол менамоем. Мутаносибан ҳаҷми обанборҳои мамлакат низ то соли 2050 ду баробар зиёд мешавад. Қариб 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбад. Аз ин нигоҳ обанборҳои мо барои таъмини мунтазами давлатҳои минтақа бо оби корезӣ низ хизмат менамоянд».
Сарвари давлат дар ин ҷаласа ҳамчунин оид ба мизбонии Тоҷикистон ва Нидерланд дар Конфронси таърихии оби Созмони Милали Муттаҳид иттилоъ дода, гуфтанд, ки дар он ҳамоиш Рӯзномаи амал бо 800 амалу уҳдадориҳои соҳаи об қабул шуд.
Оид ба фаъолияти босамар дар соҳаи об муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтанд: «Мусаллам аст, ки хатару таҳдидҳои обу иқлим талошу амалҳои ҷиддитарро талаб менамоянд. Дар ин робита, мехоҳам се нуктаи муҳимро иброз намоям. Якум, дарки амиқи масъала ва пешбурди самараноки он, пеш аз ҳама, иродаи сиёсӣ ва таваҷҷуҳи муштараки сарони давлатҳову ҳукуматҳоро талаб менамояд. Дуюм, имрӯз мо шоҳиди уҳдадории дастҷамъонаи бонкҳои байналмилалии рушд ҷиҳати суръатбахшӣ ба маблағгузории соҳаи обу иқлим гаштем. Сеюм, мо бояд таҳия ва татбиқи механизмҳои муштараки расонидани кумакҳоро ба давлатҳои осебпазир таъмин намоем. Зеро онҳо барои расидан ба ҳадафҳои марбут ба об имконияти маҳдуд доранд».